Семинари таълимӣ-методӣ
Дар кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов семинари таълимӣ-методӣ баргузор гардид.
Ин ташаббус дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба роҳ монда шуд.
Дар семинар дотсенти кафедра Воситова Дилором дар мавзуи «Яке аз усулҳои ҳалли системаи муодилаҳои дифференсиалии хаттӣ бо коэффитсиентҳои доимӣ» маърӯза намуд.
Ҳолати мушаххас, яъне ёфтани решаҳои муодилаи характеристикаи ҳақиқӣ овардашуда ба иштирокчиён шарҳ дода шуда, мавриди таҳлил қарор гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил