​Дарси кушод: “Намудҳои масъалаҳо оид ба фоиз ва тарзи ҳалли он”

Дарси кушоди намунавии довталаби озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол - 2024” муаллими калони кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ Абдуллоева Заррина доир гардид.

Дарси мазкур дар сатҳи факултет сурат гирифта, дар мавзуи “Масъалаҳо оид ба фоиз. Намудҳои масъалаҳо оид ба фоиз ва тарзи ҳалли он” баргузор шуд.

Донишҷӯён ба ду зергурӯҳ - “Умари Хайём” ва “Ал-Хоразмӣ” тақсим шуда, дар ҷараёни дарс фаъолона ширкат намуданд.

Омӯзгор мавзуъро барои донишҷӯён шарҳ дода, аз воситаҳоимуосири техникӣ ва усулҳои фаъоли таълим истифода намуд.

Оид ба мавзуъ як қатор масъалаҳо ҳал гардида, аз ҷониби донишҷӯён таҳлил шуд.

Дар раванди дарс аз бозии “Эврика” истифода гардид, ки ҷиҳати мустаҳкам намудани мавзуъ мусоидат намуд.

Ҳамзамон, дар раванди дарс оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон видео - ролик намоиш дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ