Факултети филологияи ӯзбек

Маълумот барои тамос

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №01/1-1073 аз 29.10.2018 ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманди ду давлати ба ҳам дӯст - Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ибтикор ва қарори Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” № 3 аз санаи 31-уми октябри соли 2018, инчунин бо фармоиши ректори МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” №328 аз санаи 05.11.2018 факултети филологияи ӯзбек таъсис дода шуд. Факултет бо намуди таҳсили рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) ба фаъолият шуруъ намуд.

Аз санаи 05.11.2018 ба вазифаи декани факултет номзади илмҳои филологӣ, дотсент Турдибоев Тоҳир Ҳасанович таъин шуд.


Факултети мазкур бо потенсиали кадрӣ таъмин буда, ҳамчунин имконияти зиёдеро ҷиҳати таълиму тарбияи донишҷӯён доро мебошад. Дар факултет ду кафедра - “Забони ӯзбекӣ ва методикаи таълими он”, “Адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он” амал мекунад.

Айни замон, ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ин кишвари ба ҳам дӯст густариш ёфта, сол аз сол бастани созишномаи ҳамкории байналмилалӣ бо муассисаҳои олии таълимии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бештар гардида, он минбаъд барои мустаҳкам намудани равобити илмию фарҳангӣ ва табодули таҷрибаи тарафайн заминаи мусоид фароҳам меоварад.