Чорабинии илмӣ бахшида ба 95-солагии адиби бузург Чингиз Айтматов

Дар факултети филологияи ӯзбек чорабинии илмӣ бахшида ба 95-солагии адиби бузург Чингиз Айтматов бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Муовини декан оид ба корҳои таълим Мунаввара Ойматова ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ососри мондагори Чингиз Айтматов ёдовар шуд. Сипас, дотсент Мавлонбердӣ Суюнов доир ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва эҷодиёти Чингиз Айтматов суханронӣ намуд. Ҳамчун қиссаи “Ҷамила”-ро бо образҳое, ки дар таҷассум ёфтааст, ба саъми донишҷӯён расонид.

Баъдан дотсенти кафедари забони ӯзбекӣ ва методикаи таълими он дотсент Боҳирҷон Шеронов оид ба забони осори бадеии Чингиз Айтматов суханронӣ кард.

Дар идома байни иштирокчиён перомуни мавзуи баррасигардида мубодилаи афкор ҷаран гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ