Мулоқот: "Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм"
Бо ташаббуси кафедраи филология ва методикаи таълими они факултети филологияи ӯзбек бо сардори шуъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонони ШОПҲНҶ РВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Толибзода Маҳмудҷон Толибҷон мулоқот сурат гирифт. Мулоқоти мазкур ба мавзуи “Ҷавонон зидди тероризм ва экстремизм” бахшида шуд.
Чорабиниро декани факултет дотсент Ҷабборов Баҳром ифтитоҳ бахшида, доир ба таҳдидҳои муосир ва пешгирӣ аз ин хатарҳо ибрози назар намуд.
Подполковники милится Толибзода Маҳмудҷон зимни суханронӣ аз сабабҳои гумроҳшавии ҷавонон таъкид намуда, доир ба пайомадҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ андешаҳои худро баён намуд.
Гуфта шуд, ки саводи ҳуқуқӣ, маърифати динӣ ва зиракии сиёсӣ кафили пешгирӣ аз хатарҳои муосир аст.
Мудири шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ дотсент Маҳмудзода Бахтиёр доир ба нақши ҷавонон дар таъмини пешрафти ҷомеа ва давлат суханронӣ намуд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ бояд пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳдоранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил