​Мизи мудаввар: “Парчамат бодо парафшон, кишварам”

Таҳти чунин унвон бо иқдоми кафедраи филология ва методикаи таълими они факултети филологияи ӯзбек бо донишҷӯёни курси якум мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро декани факултет дотсент Баҳром Ҷабборов ифтитоҳ бахшида, дар бораи муқаддасоти давлат, тибқи қонунгузорӣ ҷашн гирифтани рӯзҳои иду санаҳои таърихӣ, аз ҷумла, Рӯзи Парчами миллӣ, ки ҳамасола 24-уми ноябр таҷлил мегардад, ҳарф зад.

Муовини декан оид ба таълим, дотсент Мунаввара Ойматова ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи филология ва методикаи таълими он Шаҳноза Сангинова ба сухан баромада, Рӯзи Парчами миллиро чун яке аз рамзҳои муҳими истиқлоли миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон маънидод намуданд.

Дар навбати худ донишҷӯёни соли аввал оид ба таърихи пайдоиш ваПарчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, қайд карданд, ки Парчами миллии Тоҷикистон дар қатори Нишон ва Суруди миллии мамлакат аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи некро ифода менамояд.

Пас аз маърӯзаҳо бо донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ