​Чорабинии илмиву адабӣ: таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек

Дар толори факултети филологияи ӯзбек бо меҳмонон, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати 70-солагии таъсисёбии Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вохӯрии илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Қаюмов Мубинҷон – раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Ӯзбекистон, корманди шоистаи Тоҷикистон, Юлдошев Рустамҷон –мудири осорхонаи донишгоҳ, Илҳом Юсупов – раиси маркази маънавиёт ва маданияти ӯзбекони вилояти Суғд, Ҳакимҷон Зокиров – муовини раиси маркази маънавиёт ва маданияти ӯзбекони вилояти Суғд, Ӯринбой Усмон – шоир ва журналист ва меҳмонон аз Ӯзбекистон: Нуралӣ Қобул – нависанда ва шоир, аъзои иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, ШойимБӯтаев – нависанда, аъзои иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Тоҷибой Икромов – муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик”, Муҳаммадҷон Шодӣ – нависанда, коргари рӯзномаи “Овози тоҷик”, Шарофат Эрматова – муҳаррири шуъбаи тоҷикии телевизиони Ӯзбекистон, садорати факултети филологияи ӯзбек, устодон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Декани факултети филологияи ӯзбек дотсент Баҳром Ҷабборов чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадафи баргузории чорабинӣ таъкид дошт.

Дар идома аз ҷониби устодони факултет ва меҳмонон як қатор маърӯзаҳо дар мавриди равобити илмиву адабии халқҳои тоҷику ӯзбек шунида шуданд.

Ҳамзамон, миёни меҳмонону донишҷӯён суолу ҷавоб сурат гирифт.

Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими дӯстии ҷонибҳо унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ