Кафедраи адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он

Телефон барои маълумот

Кафедраи адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он яке аз кафедраҳои навтаъсиси донишгоҳ буда, бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ моҳи сентябри соли 2018 таъсис ёфтааст. Баъди густариш ёфтани робитаҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, баргузор гаштани конференсияҳои байналхалқӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва зиёд шудани теъдоди донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон зарурати таъсиси кафедраи мазкур ба миён омад.

Аъзои кафедра Абдусалом Абдуқодиров – доктори илмҳои филология, профессор, номзадҳои илмҳои филология, дотсентон Эгамбердӣ Мавлонбердиев, Юсуфалӣ Шоназаров, Мавлонбердӣ Суюнов, Бахтиёр Файзуллоев, Абдусамад Эрмухаммедов, Мунаввара Ойматова ва Олимҷон Абдуллоев мебошанд. Ҳар устоди кафедра ба омӯзиши адабиёти ӯзбек ва масъалаҳои робитаҳои адабии адабиёти тоҷику ӯзбек машғул мебошанд.


Дар факулта аз рӯи ду ихтисос (арабӣ-тоҷикӣ ва форсӣ) магистратура низ амал мекунад, ки имрӯзҳо зиёда аз 35 нафар дар он таълим мегиранд. Муҳассилин ба докторантураи PhD низ таҳсил доранд. Олимони факултет бо муассисаҳо ва марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ робитаҳои илмӣ доранд. Устодони факултет савияи дониши худро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Руссия, Миср, Яман, Сурия, Ироқ, Либиё, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Чин, Туркия ва ғайра баланд бардошта истодаанд.

Хабархо нест!