​Вохӯрии профессори Ӯзбекистон бо донишҷӯён

Дар факултети филологияи ӯзбек бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чорабинии илмӣ-адабӣ ва вохӯрии шоир, тарҷумон, адабиётшинос, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи герменевтикаи тасаввуф ва манбашиносии Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷаъфар Холмӯминов бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Баҳром Ҷабборов чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар бораи мақсаду мароми он ҳарф зад ва Ҷаъфар Холмуъминовро ҳамчун шоири зуллисонайн ва тарҷумони осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ муаррифӣ намуд.

Профессор Ҷаъфар Холмӯминов доир ба равобити адабӣ ва дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, ашъори тоҷикиву ӯзбекии эҷоднамудаи хеш, ҷанбаҳои тарбиявиву ахлоқии осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ибрози назар намуд. Мавсуф доир ба муҳиммияти тарҷумаҳои осори Мавлоно андешаронӣ намуда, аз зиндагиномаву ривоятҳои ба иштирокчиён маълумоти ҷолб пешниҳод намуд.

Дар интиҳои перомуни мавзуи баррасишаванда миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ҷараён гирифта, донишҷӯён фаъол қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ