Шуъбаи кор бо ҷавонон
Сардор
Телефон барои маълумот
Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар донишгоҳ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Шуъба фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва дигар санадҳои меъёрииҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.
Бо мақсади татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷонибишуъба чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, варзишӣ, аз ҷумла озмунҳо, аксияҳо, мизҳои мудаввар, суҳбату мулоқот ва конфронсҳо гузаронида мешаванд.
Самтҳои асосии фаъолият
Фаъолияти шуъбаи кор бо ҷавонон ба моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ки ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон бахшида шудааст, асос меёбад:
1) тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо;
2) ташаккули мафкураи миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷалобӣ ва намудҳои дигари ҷинояткорӣ;
3) ташаккули ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, фаъол намудани онҳо дар самти анҷом додани корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ;
4) таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо;
5) таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон;
6) таъмини ҳифзи саломатӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷисмонии ҷавонон;
7) фароҳам овардани шароит ҷиҳати гирифтани таҳсилоти сифатнок барои ҷавонон ва таъмини рушди ихтироъкорию эҷодкории онҳо;
8) таъминоти иҷтимоии ҷавонон, таъмини онҳо ба шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб;
9) таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон, рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонон, ҷалби онҳо ба хоҷагидорӣ ва ҳунармандӣ;
10) омодасозӣ ва дастгирии мутахассисони ҷавон ҷиҳати пешниҳод намудани мутахассисони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда.
Вазифаҳои шуъба
-таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон;
- иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии дохилидонишгоҳӣ оид ба масъалаҳои ҷавонон ва таъмини иҷроиши талаботи онҳо
-омода намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва шинохти бештари манфиатҳои миллӣ;
- таҳия ва дар мувофиқа бо муовини ректор оид ба тарбия ба Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳод намудани барнома ва лоиҳаҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани шароити зисти донишҷӯён, кормандон ва олимони ҷавон
- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати шинос намудани ҷавонон бо манфиатҳоимиллию ҷамъиятӣ, ба вуҷуд овардани мафкураи оштинопазир ва муқовимат ба амалҳои номатлуб, инчунин, ақидаю гуруҳҳои ба ин амалҳо мусоидаткунанда ва ташаккули маърифати ҳуқуқию сиёсӣ;
- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ташаккули ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, сафарбар кардани онҳо ба корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ;
- омода сохтани ҷавонон ҷиҳати дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ ширкат варзидан;
- амалӣ намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ оид ба баланд бардоштани вазъи иҷтимоии ҷавонон, омода намудани онҳо барои дарёфти шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб, таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон, ҷалби онҳо баҳунармандӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар донишгоҳ бо мақсади амалисозии мақсадноки сиёсати давлатии ҷавонон;
- таҳия ва амалӣ намудани фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ вобаста ба амалисозии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон;
- пешбурди омори соҳаи кор бо ҷавонон ва аз сохторҳои донишгоҳ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон талаб намудани маълумоти оморӣ;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.