Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояи давалатдории миллӣ

Таҳти ин унвон имрӯз дар толори калони раёсати Донишгоҳ ҷиҳати татбиқи амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонмулоқоти сардори шуъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонони ШОПҲНҶ РВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Толибзода Маҳмудҷон бо устодону донишҷӯёни факултети математика сурат гирифт.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз ҷумлаи ибтикороти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Зикр шуд, ки қабули қонуни мазкур ба сиёсати дурбинонаву хирадгароёнаи Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон робитаи амиқ дорад.

Подполковники милится Толибзода Маҳмудҷон зимни суханронӣ аз сабабҳои гумроҳшавии ҷавонон таъкид намуда, доир ба пайомадҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ андешаҳои худро баён намуд. Гуфта шуд, ки саводи ҳуқуқӣ, маърифати динӣ ва зиракии сиёсӣ кафили пешгирӣ аз хатарҳои муосир аст.

Сипас Шарипов Муҳаммад - аъзои гурӯҳи тарғиботии МИҲД Суғд доир ба хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷомеаи муосир ибрози назар намуд. Таъкид рафт, ки дар шароити кунунӣ шабакаи интернет афзалиятҳои бемаҳдудро соҳиб гардида, ҷомеаро ба як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ намудааст. Дар миёни онҳо ҷиноятҳои иттилоотию коммуникатсионӣ яке аз мушкилиҳои асосӣ ба шумор мераванд. Мубориза бо онҳо амали саривақтӣ ва хеле зарурист.

Зимни мулоқот қайд гардид, ки бо назардошти пайомад ва хатару таҳдидҳои фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ дар баробари мақомоти қудратӣ, инчунин аз тамоми ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ва шаҳрвандон тақозо мегардад, ки ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тамоми дониш ва неруи худро истифода бурда, силсилаи тадбирҳои судманду муассирро ба роҳ монем.

Иттилоъ дода шуд, ки чунини силсила мулоқотҳо чун анъана бо ҷалби намояндагони МИҲД Суғд, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдор мунтазам давоми соли хониш идома хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ