​Мусобиқаи футболи хурд байни кормандону устодон ҷамъбаст гардид

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва дарёфти варзишкорони соҳибистеъдод аз санаи 10-ум то 23-уми октябри соли 2023 бахшида ба 32 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишиӣ аз рӯи намуди футболи хурд ва волейбол байни устодону кормандон доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа 18 даста байни ҳам рақобат намуда, дар натиҷа беҳтаринҳо ба даври ффиналӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври ниҳои дастаҳои факултети санъати тасвирӣ ва дизайд ва факултети геоэкологияи ва туризм вориди майдони рақобат шуданд. Дар вақти асосии бозӣ ҳисоби як бар як анҷом ёфт. Дар натиҷа довар зарбаҳои 11-метра (пенальти) таъйин намуд ва бо нишонҳои ҳадафрас ва зарбаҳои техникӣ факултети санъати тасвирӣ ва дизайн тавонист дастаи факултети геоэкология ва туризмро мағлуб намуда, сазовори ҷои аввал гардад.

Дастаи факултети физикаю техника сазовори зинаи сеюм гардид.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур тарғибу ташвиқи футболи хурд байни ҷомеа, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни ҷавонон маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ