Ғолибияти донишҷӯёни Донишгоҳ дар ҷамъбасти озмунҳои вилоятӣ

Имрӯз дар толори расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои вилоятии "Донишҷӯи сол-2023", «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2023» ва "Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд" баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни супоридани мукофотҳо изҳор дошт, ки илму дониш чароғи равшани роҳи башарият аст, ки инсониятро ҳамеша ба роҳи рост ва саодати зиндагӣ раҳнамун месозанд.

Зикр шуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол таваҷҷуҳ ба соҳаи илм, рушди фарҳангу маънавиёт, дастгирии ҳаматарафаи ҷавонон бештар гардида, шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба нерӯи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳамияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад.

Гуфта шуд, ки роҳандозӣ гардидани озмунҳои “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ба рушд ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Таъкид шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ бо қарори Раиси вилоят аз 5-уми январи соли 2023, №10 озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол – 2023» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд » муқаррар шуда, бо пешниҳоди комиссия ғолибон муайян гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар даври ниҳоии озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” Назиров Илҳом - донишҷӯи курси панҷуми факултети санъати тасвирӣ ва дизайн дар бахши ихтироъ ва навоварӣ иштирок намуда, ҷойи дуюмро сазовор гардид. Ҳамзамон, донишҷӯи курси чоруми факултети санъати тасвирӣ ва дизайн Фахриева Нигора дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол – 2023” ғолиб дониста шуд.

Аз рӯи равияи фанҳои дақиқ бошад Шўҳратулло Фатҳуллоев – донишҷӯи курси 3-юми факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ғолибият ба даст овард.

Зимнан ба ғолибони озмун аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мукофотҳои пулӣ ва дипломҳо супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ