“Андеша”: Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ
Дар толори “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд дар мавзуи “Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ” нишасти навбатии маҳфили сиёсии тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” доир гардид.
Дар кори нишаст ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Аюб Усмонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти СуғдИсматҷонов Бахтиёр, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мансурӣ Замира, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд майор Ахмедов Зариф, намояндаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Толибзода Маҳмудҷон Толиб иштирок намуданд.
Ба кори нишаст беш аз 2 ҳазор нафар устодону донишҷӯён тариқи маҷозӣ аз 18 факултетҳои донишгоҳ пайваст шуданд.
Ректори донишгоҳ мизи мудавварро ифтитоҳ бахшида, ташаббуси мазкурро, ки давоми ҳар сол бо шаклу усулҳои наву муосир ва ҷалби намояндагони ниҳоди қудратӣ, доираи васеи олимону донишмандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба роҳ монда мешавад, анъанаи судманду самарабахш унвон намуд.
Гуфта шуд, ки маҳфили сиёсии тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” тавонист, ки давоми фаъолияти худ ҷиҳати баррасии масоили мубрами ҷомеа барои равшанфикрону зиёиён майдони мусоиди табодули афкорро фароҳам орад.
Профессор Аюб Усмонзода муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, афзуд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ҳамчун дастури созанда барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои боз як соли дигар муайян намуд.
Зарурият ва аҳамияти эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар баромади ректори донишгоҳ муфассал шарҳ ёфт.
Таъкид рафт, ки барпо намудани муҳиту фазои ором ва осоиштаи ҳаёти ҷомеа, қабл аз ҳама эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини волоияти қонунро тақозо мекунад.
Дар раванди таълими донишгоҳ омӯзонидани фанҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, сиёсатшиносӣ, диншиносӣ, журналистикаи сиёсӣ, муҳорибаи иттилоотӣ, шарҳу тавзеҳи заминаҳои содиршавии ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирӣ ва ҳадди ҷазои ҷиноятӣ барои содир намудан, сарчашмаҳои сар задани гурӯҳҳои ифротӣ, сабабҳои пайдоиши ҷангҳои иттилоотиро роҳбари донишгоҳ кафили баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва динии ҷавонон маънидод намуд.
Профессор Аюб Усмонзода барои пешгирии падидаҳои манфии ҷомеа таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба чанд масъалаҳои муҳим ҷалб намуда, зикр намуд, ки омӯзиши пайвастаи Паём ва асарҳои Пешвои миллат дар байни устодону донишҷӯён ба таври васеъ, фаро гирифтани ҷавонон бештар ба китобхонӣ, эҷодкорӣ, навоварӣ ва истифодаи муфиду мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ба роҳ мондани омӯзиши масъалаҳои мазкур дар барномаҳои таълимӣ (силлабус), КМРО, КМД ва супоришҳои хаттӣ, таҳияи реферат, корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм, номзадӣ ва докторантура (phd) перомуни мавзуъҳои марбут ба маърифати ҳуқуқӣ, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, коррупсия барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идома аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти СуғдИсматҷонов Бахтиёр, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мансурӣ Замира, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд майор Ахмедов Зариф, намояндаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Толибзода Маҳмудҷон Толиб перомуни баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги истифода аз интернет ва технологияҳои муосир миёни сокинон, тақвияти корҳои идеологӣ дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм маърӯзаҳо ироа доштанд.
Маърӯзачиён ташкили ҳамоишҳои илмӣ бо усулҳои муосир, тарбияи мутахассисони варзида ва касбӣ дар самти корҳои идеологӣ ва тарғиботӣ, таҳкими саводи расонаӣ миёни ҷомеа, баланд бардоштани тақвияти тафаккури интиқодии сокинонро аз воситаҳои муҳими судманд дар самти мубориза бо таҳдидҳои муосир маънидод намуданд.
Дар идома устодони донишгоҳ дотсентон Киромиддин Мухторов, Ислом Раҳимов ва Абдукаримов Ҷамолиддин ба музокира баромад, доир ба масъалаҳои мавриди назар ибрози назар ва пешниҳодоти судманду созанда ироа доштанд.
Дар фарҷом ректори донишгоҳ афзуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ҳамкорӣ бо мақомоти давлативу ниҳоди қудратӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, масъулиятшиносӣ ва ниҳоят таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ҳамеша омода аст.
Изҳори умед шуд, ки маҳфили сиёсии тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” минбаъд низ рисолати худро дар сатҳи шоиста анҷом дода, ҷиҳати баррасии мавзуъҳои умдаи ҷомеа, ироаи пешниҳодоти судманд ва муайян намудани роҳҳои муфиди ҳалли масъала имконияти мусоид фароҳам меорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил