​Иштироки беш аз 3 ҳазор нафар дар роҳпаймоии идона

Субҳи имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Бо Президентам ифтихор дорам” роҳпаймоӣ доир шуд. Дар доираи ин ташаббус аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров беш аз 3 ҳазор нафар устодону донишҷӯён бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ширкат намуданд.

Шоистаи таъкид аст, ки шуруъ аз соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хос таҷлил мегардад, ки далел аз арҷгузорӣ ба хидмати мондагору таърихӣ ва заҳмату меҳнати Роҳбари олии давлат, инчунин шаҳодати эҳтирому эътимоди мардуми кишвар ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки феълан ба ифтиихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилаи чорабиниҳо идома доранд, ки ҳадаф аз он сазовор таҷлил намудан ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат унвонмешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ