Ҷамъбасти даври донишгоҳии озмуни “Донишҷӯи сол - 2023”

Дар толори хурди раёсати Донишгоҳ даври донишгоҳии озмуни умумидонишгоҳии “Донишҷӯи сол – 2023” баргузор гардид. Ин ташаббус бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” роҳандозӣ гардида, мақсад аз он баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин восита ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ маънидод гардид.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд аз 5-уми январи соли 223, №10 ва фармоиши ректори Донишгоҳ аз 27-уми январи соли 2023, таҳти №55 доир гардид.

Озмун аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, навиштани диктант бо забони давлатӣ, муайян намудани дараҷаи донишҳои тахассусӣ ва сиёсӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ баргузор шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳайати ҳакамон дараҷаи дониш ва қобилияти донишҷӯёнро ҳамаҷониба санҷида, 18-нафар донишҷӯёни беҳтарин ба даври вилоятии озмуни “Донишҷӯи сол - 2023” роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ