Кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума
Мудири кафедра
Телефон барои маълумот
Кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума - моҳи июни соли 1997 бо кӯшиши доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлуба Хоҷаева (Матлубаи Мирзоюнус) ва дастгирии ректори вақти донишгоҳ профессор С. Абдуллоев таъсис ёфтааст. Бори нахуст соли хониши 1997-1998 ба кафедраи журналистика 50 донишҷӯ дохил гардида, ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар марҳалаи нахустини таъсиси шуъбаи журналистика вазифаи мудирии кафедраро профессор Матлубаи Мирзоюнус (солҳои 1997-2002) бар уҳда дошт.
Баъдан номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.Ҳабибуллоева (солҳои 2002-2008), доктори илмҳои филологӣ, профессор Р.Бобоҷониён (солҳои 2008-2010), номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.Зикриёева (солҳои 2010-2013), дотсент Самадова Д.Ҳ. (2013-2018) дар роҳи такмили раванди таълиму тарбияи журналистони соҳибихтисос бо камоли майл ва масъулият дар вазифаи мудирии кафедра саҳми назаррас гузоштанд. Алҳол сарварии кафедраро номзади илмҳои филологӣ Комилов К.И. ба зимма дорад.
Тайи солҳои тайшуда дар шуъба докторони илмҳои филологӣ Матлубаи Мирзоюнус, Раъно Бобоҷониён, дотсентон, номзадҳои илмҳои филологӣ Марҳамат Ҳабибуллоева, Саодат Каримова, Савринносо Fанизода, Мунаввара Ойматова, Муҳиба Зикриёева, Мутриба Мавлонова, Субҳонҷон Аъзамов, Дилбар Самадова, Каримбой Комилов омӯзгорони соҳибтаҷриба Мавлуда Шарипова, Карими Шариф, Ҷура Юсуфӣ, Парвона Фирӯз, Суюнбой Тилабов, Зайниддин Орифӣ, Мухтор Абдуллоев, Ислом Бобоев, Маҳмудҷон Додобоев, Обидҷон Каримов, Каримбой Махкамов, Абдумалик Бегимқулов ва Фирӯза Шамсиддинова ба таълиму таҳқиқ машғул буданд. Баъдан теъдоди муаллимони кафедра аз ҳисоби хатмкардагони шуъба, номзадҳои илмҳои филологӣ Сурайё Ҳакимова, Абдуқодир Шехов, Шоира Пӯлодова, Инобат Қосимова, Замира Сатторова, Эҳсонҷон Раҷабов, Уғулой Қоситова, Дилбар Ғафурзода ва омӯзгорони ояндасоз Набиюулло Суннатов, Осимҷон Носиров, Мутриба Бобоҷонова, Боирҷон Раҷабов, Малика Саидхоҷаева, Шаҳноза Зариповава дигарон афзуд. Ба кори таълиму тадрис устодони соҳибтаҷрибаи соҳаи журналистикаИлҳои Ҷамолов (самти робита бо ҷомеа) ва Илҳом Ҳошимов (соҳаи телевизион) ҷалб шудаанд.
Аз соли 2002 инҷониб ҳар сол шуъбаи журналистикаро даҳҳо нафар хатм карда, фаъолияташонро дар расонаҳои хабарӣ, телевизиону радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо идома дода истодаанд. Аз ҷумла, Фирӯз Ҷумъаев мудири шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият», Фарҳод Ҷӯраев – сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати», Сурайё Ҳакимова – муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», Фирӯз Боқӣ –сармуҳаррири рӯзномаи ноҳияи Спитамен, Зебоҷон Қурбонова – сармуҳаррири нашрияи “Лочин”, Ӯғулой Қоситова- сармуҳаррири рӯзномаи “Хуҷанд”, Ҷамшед Маърупов- сармуҳаррири радиои “Пайванд”, Меҳровар Мирмаҳмадов ходими рӯзномаи “Овози тоҷик” (ш. Тошкент), Рамзия Сафарова, Муборизи Муҳаммад, Афзал Босолиев кормандони ШТР “Азия”, Рустам Файзуллоев - сармуҳаррири радиои “Замон”, Ғуфрон Ҳусейнов мудири шуъбаи “Ахбор”-и ТВС, Насим Орзуқулов- сармуҳаррири маҷаллаи “Дар шаҳр”,Маҳмадназир Келдиев корманди ТВ “Сафина”, Умеда Раҷабова ТВ Суғд, Фитрати Ҳикмат сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми кӯҳистон”, Мавзуна Ваҳҳобова муовини сармуҳаррири “Тирози ҷаҳон”, Таҳмина Аюбова мухбири “Тирози ҷаҳон”, Қаюмарси Ато мухбири радиои “Озодӣ”, Алишер Охунов мухбири “Фараж”, Қамари Аҳрор мухбири рӯзномаи “Имрӯз-нюс”, Гулноз Бобомурова мухбири “Бонувони Тоҷикистон”, Сино Ғафурзода. Сармуҳаррири ТВ “Танин”, Муслима Раҳимова сармуҳаррири рӯзномаи “Ворисони Суғд”, Маҳмуд Аҳмадов мухбири телевизиони “Тоҷикистон”, Ҳалимҷон Ҷураев сармуҳаррири шуъбаи “Ахбор”-и СМ-1, Манижа Юсупова муҳаррири телевизиони ШТР СМ-1, Мафтуна Раҳматова хабарнигори СМ-1, Ҳаётҷони Одил муҳаррири радиои “Ашт” ва даҳҳо дигарон. Ҳамчунин,хатмкардагони кафедра дар дигар сохторҳо бомуваффақият фаъолият доранд: Фозил Бобоев – мудири шӯъбаи идеологияи шаҳри Истаравшан, Лутфулло Ниёзов муллими Донишгоҳи давлатии Россия-Тоҷикистон (Славянӣ), Сайидо Шодиқулов сухангӯи раиси МИҲД-и ноҳияи Ашт, Ҷамшед Обидов – роҳбари дастгоҳи МИҲД-и ноҳияи Спитамен, Осим Носиров - муовини директори муассисаи давлатии “Суғдсинамо ба номи К.Ёрматов”, Бахтиёр Ҷамолов котиби матбуоти МИҲД шаҳри Истаравшан, Маъмур Юсуфзод котиби матбуоти МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, Нилуфар Умарова директори маҷаллаи сайёҳии “Раҳнамои кишвар”, Андар Раҳмонов корманди маркази иттилоотии Дастгоҳи Раиси вилоят ва ғ. Бархе аз хатмкардагони шуъбаи мазкур дар хориҷа кор ва фаъолияти касбиашонро идома дода истодаанд, аз ҷумла М.Сайфиддинова (Ҳолланд), А. Қадамов (Амрико), Л.Ниёзов (Россия), Ш.Раупова (Россия). М. Қодирзода (Ӯзбекистон).
Устодони кафедра дар таъмини маводи таълимӣ-методӣ низ нақш дошта, пайваста дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар тӯли солҳои 2004-2018 чанд дастури таълимӣ-методӣ нашр шудаанд, чунончи силсилаи раҳнамои таълимии С.Каримова «Таърихи журналистикаи хориҷӣ» (2004), «Курси махсус» (2004), «Назария ва амалияи матни рӯзноманигорӣ» (2011), «Матбуоти форсизабони Ҳинд» (2012), С. Аъзамзод «Таърихи адабиёти хориҷӣ» дар 2 қисм (2004-2005), «Матбуот, адабиёт ва нақди адабӣ» (2005), К. Комилов «Асосҳои журналистика» (2004), «Асосҳои журналистикаи телевизион» (2004), «Асосҳои журналистикаирадио» (2004), «Асосҳои ҳуқуқии журналистика» (2004),А. Шехов «Жанри очерк» (2004), «Таърихи матбуоти тоҷик» (2004) ва ғайра дастраси донишҷӯён гардиданд.
Бо кӯшиши профессор М. Мирзоюнус (дар ҳаммуаллифи бо Н. Ҳакимов) маводи таълимӣ ба донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ таҳти унвони «Инъикоси масъалаҳои фарҳанг дар ВАО» (2009) ва нашри дувуми он бо такмилу илова таҳти унвони «Бозтоби масъалаҳои фарҳанг дар ВАО» (2013) ба табъ расид.
Тӯли ин солҳо дар шуъба чанд маҷмӯаҳо, аз ҷумла «Маҷмӯаи мақолаҳо»-(2007),«Шарофати «Бухорои шариф» (2012), “Нерӯи сухан” (2014), “Асрори сухан” (1917) таҳия ва нашр гардиданд.
Аз соли 2002 инҷониб дар шуъба нашрияи “Паёми донишҷӯ”– замимаи нашрияи донишгоҳии “Нури маърифат” пайваста нашр мешавад, ки маҳсули эҷоди донишҷӯён дар он нашр мегарданд. Соли 2005 радиостудияи “Садои донишҷӯ” ба фаъолият оғоз намуд, ки пеш аз ҳама ҷиҳати техникии дарсҳои ихтисосиро таъмин намуд.
Алҳол дар шуъбаи журналистика таҳсилот бо системаи кредитӣ ба роҳ монда шуда, пас аз чаҳор соли хониш (бакалавр) хоҳишмандон метавонанд дар магистратура таҳсилашонро идома диҳанд.
Санаи 01 сентябри соли 2014 Студияи таълимии телевизионии “Фурӯғ”-и назди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума бо мақсади баланд бардоштани савияи амалии донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ бо дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таъсис гардид. Таи 5 соли фаъолият студияи мазкур дар баланд бардоштани сатҳу сифати малакаи касбии рӯзноманигорони оянда заминаи хуб хоҳад гузошт. Ҳар ним моҳ барномаи “Пайки маърифат” тавассути ТВ “Суғд” пахш мешавад, ки аз ҷониби кормандони кафедра омода мегардад.
Дар кафедра аз рӯи ихтисоси «Рӯзноманигорӣ» магистратура фаъолият дорад.