​Семинар: аз баррасии мавзуъҳои муҳим то табодули афкору таҷриба

Семинари илмӣ-назариявии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ин навбат ба мавзуи “Заминаҳои таърихии ташаккули журналистикаи иттилоотӣ” бахшида шуд.

Дар кори семинар устодон ва тамоми аъзои кафедра ширкат намуданд.

Замира Сатторова, мудири кафедра семинарро ифтитоҳ бахшида, изҳори умед намуд, ки ин навбат низ семинари илмӣ-назариявӣ ҷиҳати табодули афкор ва таҷриба миёни аъзои кафедра шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Карим Комилов, дотсенти кафедра маърӯза намуда, ба иштирокдорон дар мавриди моҳият ва муҳтавои иттилоъ, фарқи журналистикаи иттилоотӣ аз дигар шакли фаъолияти эҷодӣ маълумот дод.

Таҳти унвони “Интернет ва шакли дурусти ҷустуҷӯ дар он” муаллими кафедра Салимҷон Саидов баромад намуд.

Мавсуф ба иштирокчиёни семинар дар бораи абзорҳои муҳим ва муосири ҷустуҷуи маълумот дар интернет иттилои ҷолиб манзур намуд.

Баъд аз ироаи маърӯзаҳо миёни устодони кафедра табодули афкор сурат гирифта, ҷиҳати таҳкими фаъолияти семинар ва таъмини самаранокии кори он пешниҳодҳои муҳим ироа ёфтанд.

Хотиррасон менамоем, ки семинари илмӣ-назариявии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ҳар моҳ як маротиба доир гардида, дар доираион масоили муҳими илми журналистика таҳлил ва муҳокима мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ