​Конференияи ифтитоҳии таҷрибаи педагогии донишҷӯён

Таҷрибаи педагогии донишҷӯёни курси 5 – уми ихтисоси “Забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигорӣ” оғоз гардид. Ба ин муносибат бо ташаббуси кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума конференсияи ифтитоҳии таҷрибаомӯзӣ доир шуд.

Замира Сатторова, мудири кафедра доир ба раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён иттилоъ дода, ҷиҳати сифатнок татбиқи донишҳои назарӣ ба донишҷӯён маслиҳатҳои муфид дод.

Дар назар аст, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён то санаи 23 декабри соли 2023 давом хоҳад ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ