​Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан!

Бо чунин унвон бо ташаббуси таҷрибаомӯзони кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5- и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ устодону донишҷӯён ва омӯзгорону хонандагон ширкат намуданд.

Дар доираи чорабинӣаз ҷониби хонандагон дар васфи Зан-Модар шеъру гуфтор шунида шуда, саҳначаи тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 Умарзода Дилафрӯз ба таҷрибаомӯзон ҷиҳати ташкили чунин чорабинӣ изҳори сипос намуд.

Дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Зикриёева Муҳибахон аз иқдоми таҷрибаомӯзон хуш истиқбол намуда, ба онҳо баҳри самаранок анҷом додани раванди таҷрибаомӯзӣ барору муваффақият орзу намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ