​Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа

Таҳти чунин унвон бо ташаббуси кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дар факултети филологияи тоҷик хониши сиёсӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст дотсент Каримбой Комилов маърӯза намуда, таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали сарвариашон маорифро соҳаи афзалиятнок шуморида, ҷиҳати рушду инкишофи соҳа ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи омӯзгорон дар ҷомеа пайваста талош меварзанд. Гуфта шуд, ки ҷиҳати ҳавасманд намудан ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзгорон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.

Дар идомаи чорабинӣ мавзуи “Шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба донишҷӯён оид ба истифодаи самараноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ муфассал маълумот ироа гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки чунин ташаббус дар тамоми факултетҳои Донишгоҳ ташкил ва баргузор карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ