​Маҳорати наворбардорӣ ва танзим

Донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси рӯзноманигори телевизион қоидаҳои кор бо дастгоҳи наворбардориро аз худ намуданд.

Инташаббус дар доираи дарси амалӣ аз фанни “Маҳорати наворбардорӣ ва танзим” ба роҳ монда шуд.

Исфандиёр Ҳайитов, мудири СТТ “Фурӯғ”, муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ба донишҷӯён нозукиҳои навор бардоштан ва танзим карданро фаҳмонида, аз талабот ва махсусиятҳои навор гирифтан барои телевизион таъкид намуд.

Донишҷӯён дар ҷараёни таҳияи гузориши телевизионӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор иштирок намуда, донишҳои назарии худро дар амал татбиқ намуданд.

Маркази иттилот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ