​Ҳаёт бидуни зуроварӣ зебост

Бо иқдоми кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дар доираи маъракаи “16рӯзи мубориза алайҳи хушунат ва зуроварӣ дар оила” таҳти унвони “Ҳаёт бидуни зуроварӣ зебост” чорабинии иттилоотии тарбиявӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дотсент Замира Сатторова ифтитоҳ бахшида, дар мавриди сабаб ва пайомадҳои хушунат ибрози назар намуд.

Декани факултети филологияи тоҷик профессор Замирахон Ӯлмасзода таҳкими саводи ҳуқуқӣ ва маърифати ҷавононро кафили пешгирӣ аз хушунат маънидод намуда, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Пешгирии зуроварӣ дар оила”-ро барои донишҷӯён шарҳ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар чорабинӣ намоянда аз раёсати донишгоҳ мудири бахши занон ва духтарон Гулбаҳор Султонова, аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи ДемократииТоҷикистондар шаҳри Хуҷанд Назокат Юсупова, роҳбари ташкилоти ҷамъитии “Шамс” Ҳомидҷонова Муқаддас иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бо табодули афкор ва суолу ҷавоб чорабинӣ анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ