​Артиши миллӣ – такягоҳи боэътимоди Ватан

Бо ташаббуси таҷрибаомӯзони кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 чорабинии идона баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки чорабинии мазкурро донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси Забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигорӣ ташкил карданд.

Чорабинии мазкур бо иштироки декани факултети филологияи тоҷик профессор Ӯлмасзода Замира, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Сатторова Замира, директори мактаб ва як қатор омӯзгорон сурат гирифт.

Дар чорабинӣ хонандагон дар васфи Ватан шеъру гуфтор қироат намуда, саҳнаи тарбиявӣ ва машқҳои ҳарбӣ намоиш доданд.

Таъкид гардид, ки ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои асосӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

“Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба як нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат карда истодааст”-зикр шуд зимни чорабинӣ.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ