​Дарси кушод: Методи синквейн дар дарси АФЭЖ

Бо иқдоми кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ин навбат дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ аз фанни Асосҳои фаъолияти эҷодии журналистӣ гузаронида шуд.

Дарси мазкур аз тарафи дотсенти кафедра Маликахон Саидхоҷаева

дар мавзуи “Тақризи мухтасар” доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси амалӣ барои донишҷӯёни гурӯҳи 209 – уми ихтисоси рӯзноманигорӣ сурат гирифта, дар доираи он як қатор устодони факултет ширкат намуданд.

Қисмати ташкилиидарс бо хондани хабарҳои охирини рӯз оғоз ёфта, мақсади дарс муаррифӣ гардид.

Таъкид гардид, ки тақризи мухтасар на танҳо дар бораи китоби тозанашр, балки оид ба намоишнома, кинофилм ва дигар осори саҳнавӣ низ таҳия мегардад.

Мавзуи нав бо методи синквейн дар тахтаи синф тавзеҳ ёфта, бо иҷрои тестҳо ба таври инфиродӣ мустаҳкам гардид

Намоиши видеоролик марбут ба мавзуъ ҷиҳати мустаҳкам намудани дониши донишҷӯён мусоидат намуд.

Замира Сатторова, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума доир ба сифати дарс ибрози назар намуда, истифодаи васеи усулҳои фаъоли таълим ва воситаҳои техникиро афзалияти ҳар омӯзгор дар дарс унвон намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ