​Ҷоизаи ИЖТ ба номи Воҳид Асрорӣ насиби донишҷӯи ДДХ гардид

Донишҷӯи курси сеюми кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик Сӯҳроб Отазода сазовори Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ гардид.

Озмун барои дарёфти ҷоизаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ ҳамасола ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик миёни донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ доир мегардад.

Маврид ба таъкид аст, ки дар озмуни мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолона ширкат менамоянд.

Сӯҳроб Отазода ба ҳайси мухбири Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – “Ҳақиқати Суғд” фаъолият дошта, муаллифи наздик 100 мақолаи публитсистӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки номбурда соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" низ иштирок намуда, ғолибият ба даст оварда буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ