Факултети санъати технология ва дизайн
Декан
Маълумот барои тамос
Муовинони декан
Соли 1967 бо қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДОЛ (собиқ Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров) шуъбаи нақша, расм ва меҳнат кушода шуд. Дар аввал ҳайати омўзгорон се нафар: Д. У. Умаров, У. Аҳмадхўҷаев ва А. И. Мазунин буданд. Соли нахуст ба шуъба 26 нафар довталабонро ба сафи донишҷў қабул намуданд. Баъдан соли 1968 низ гурўҳҳои тоҷикӣ ва русӣ ташкил шуданд. Аз сабаби зиёд шудани гурўҳҳо ва нарасидани омўзгорони соҳибкасб муаллимони русзабон З. Н. Умеренкова, Б. П. Геза, В. Н. Евсюков ба донишкада даъват карда шуданд. Соли 1969 довталабон ба гурўҳҳои тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекӣ қабул карда шуданд ва зарурати бо муаллимони ўзбекзабон таъмин кардани раванди таълим ба миён омад. Дар натиҷа бо ризоияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Ўзбекистон хатмкунандагони Донишкадаи омўзгории ба номи Низомии шаҳри Тошканд А.Ҷамолиддинов, М. Абдуллоев, Р. Айметов ва Р. Х. Ким ба донишкада ба кор даъват карда шуданд.
Соли 1972 дар таърих ҳамчун соли ба камол расидани нахустин кадрҳои омўзгории баландихтисоси нақша, расм ва меҳнат шуморида мешуд. Нахустин муаллимони фанҳои нақшакашӣ, расмкашӣ ва меҳнат ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ фиристода мешуданд. Бо қарори комиссияи давлатӣ аз байни хатмкунандагони аввалин донишҷўёни соҳибистеъдод, мисли Т. Шодиев, О. Ғозиев, С. Ҳасанов ва Ш. Аҳмедов барои фаъолияти омўзгорӣ дар шуъбаи мазкур ба кор ќабул шуданд. Минбаъд аз соли 1973 хатмкунандагони соли дуюм аз гурўҳи тоҷикӣ С. Олов, А. Бобоҷонов, Ю. Юсупов, М. Исмоилова (Ҷалилова) ва шодравон К. Абдуллоев, аз гурўҳи русӣ Л. М. Баранова ва Л. Н. Мухина ба ҳайси омўзгор бо кор таъмин шуданд. Ҳамин тавр, дар солҳои баъдї низ гурўҳи донишҷўёни соҳибистеъдод, монанди К. Р. Мўъминов, Н. А. Руденко, С. Г. Вишнякова, Л. А. Прошина, Х. Холматов, О. Исмоилов, М. Н. Дадобоева, Т. Ю. Раҷабов, А. Исроилов, Ф. Н. Яҳёев, М. В. Қодирова, А. Умаров, М. М. Муллоҷонов М. Ч. Ашўров К. Шарипов, М. Акрамов, С. М. Сулаймонов, Н. Раҳматуллоев ва дигарон ба фаъолияти касбии хеш шурўъ намуданд. Дар асоси шуъбаи мазкур факултети рассомию графикӣ таъсис ёфта, нахустин роҳбари факултет З. Н. Умеренкова таъин гардид. Дар тўли роҳбарии З. Н. Умеренкова ба муаллимони факултет муяссар шуд, ки барои такмили донишу мањорат ба марказҳои илмии шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Киев, Минск, Витебск, Тошканд ва Душанбе сафарҳо намоянд. Минбаъд хатмкунандагони факултет С. Ҳасанов ва шодравон Т. Шодиев то ба дараҷаи мудири кафедра расиданд. Дар ин њангом ду кафедраи алоҳида: кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва услуби таълими фанҳо кафедраи расм ва муссавирӣ бунёд гардиданд. Сарварии кафедраи нақшакашӣ ба зиммаи сармуаллим Д. Умаров ва сарварии кафедраи расму муссаварӣ ба ўњдаи номзади илм, дотсент А.И.Мазунин гузошта шуд. Баъди як соли коромўзӣ С. Олов аспиранти шуъбаи рўзонаи Донишкадаи давлатии омўзгории Маскав ба номи В.И.Ленин гардид. Ў аз соли 1986 то соли 1996 дар вазифаи декани факултет кор кард.
Соли 1991 кафедраи санъати ороиши амалӣ ташкил ёфт. Аз соли 1996 то 2001 сарварии факултетро номзади илмҳои санъатшиносӣ А. Б. Исоев иҷро намуда, дар ин муддат аз байни омўзгорон аъзоёни Иттифоқи рассомони ҷумҳурӣ ба воя расиданд. Аз соли 2001 бори сеюм ба вазифаи сарвари факултет н.и.п., дотсент Олов С. таъин гардид. Дар давоми 6 соли сарварии ў факултет ба зинаҳои баланди илмӣ ва маҳорат расид. Дар тўли ин солҳо олимон Исоев А. Б., Ашўров М. Р., Холматов Ҷ. М., Ҷўраев К., Дадобоева М. Н., ва Қодирова М. В., рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд. Бо баробари ин омўзгорони факултет то ба унвони доктори илм профессор Исломов О. А., Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералиев С. расиданд.
Аз соли 2007 ба вазифаи сарварии факултет олими шинохта, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Исломов О. А. таъин гардид. Дар ин солҳо дарфакултет 3 кафедра фаъолият дошта, сарварии ин кафедраҳоро дастпарварони факултет дотсентон С.Олов, А.Б.Исоев ва М.Н.Дадобоева ба зимма доштанд. Дар тўли 8 соли роҳбарии профессор Исломов О. А. љомеаи факултет ба таълифи дастурҳои методӣ, раҳнамоҳои таълим ва китобҳои дарсӣ ҷалб шуд. Дар факултет ду ихтисос: дизайни графикӣ ва дизайни ҳунарҳои халқӣ ташкил гардид. Аз соли 2012 дар факултет магистратура аз рўи ихтисоси 1-15-01.01 – санъати тасвирӣ, нақшакашӣ. Технология оғоз гардид, ки раванди таълим ба уҳдаи олимон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Исломов О. А., номзадҳои илм, дотсентон Олов С., Ҷўраев К., Дадобоева М.Н., Ҳасанов С., Қодирова М. В. Холматов Ҷ. М., Ҷалилова Ҳ. А. ва Исоев А. Б. гузошта шуд.
Соли 2016 кафедраи технология ва методикаи таълими он ба факултет ҳамроҳ карда шуда, факултет «Санъати тасвирӣ ва технология» ном гирифт. Кафедраи технология ва методикаи таълими он бо ҳайати зерини омўзгорон: Муҳаммадҷонов Н., Қўзиев М. А., Дадобоева М. А., Дадобоева М. Н., Бобоҷонова Ш. У., Шамсиева А. Н., Ўзбекова М. А., Юсупова Д. М., Дадобоева Б. Э., Неъматов Л. Х., Азизов Н. А., Абдуллоева А. У., Аҳадов Ф. Х., Исоқов А. ба ҷомеаи факултет ҳамроҳ гардид.
Инчунин дар тӯли ҳамин солҳо дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Раҳимов Умарҷон барои хизматҳои шоиста бо Ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сарфароз гардиданд.
Роҳбарияти донишгоҳ хизматҳои шоистаи доктори илмҳои педагогӣ, профессор Азизов А. А.-ро дар вазифаи сарварии факултети физика ва техника буданаш ба назар гирифта, сарварии факултети санъати тасвирӣ ва технологияро ба дўши ў вогузор намуд. Дар давраи роҳбарии профессор Азизов А.А. дар факултет се кафедра фаъолият дошт: кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим; кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ; кафедраи технология ва методикаи таълими он.
Оид ба тайёр кардани кадрҳои соҳибунвон дар факултет чораҳои зарурӣандешида шуда, дар факултет Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-045 дар назди МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯи ихтисоси 6D 010700- Назария ва методикаи таълими санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ ва 6D 012000- Назария ва методикаи таълими касбӣ (технология) амал кард, ки дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ соли 2019-2021 8-нафар унвонҷӯёну докторантони (PhD) Азизов Ш.Ю., Алиева М.Н., Мирзобоев З.З., Дадобоева Б.Э., Абдуллоева А.У.,Тоирова М.М., Бобоева Ш.Ҳ., Ғаниева М.А. ва Уралова Н.С. рисолаҳои номзадии хешро бомуваффақият дифоъ намуданд.
Аз санаи 24-уми ноябри соли 2020 инҷониб сарварии факултетро дотсент Ҷӯраева Х.Ю. дар ӯҳда доранд.
Бо сарварии декани факултет, дотсент Ҷӯраева Х.Ю. факултетаз таъмири кул бароварда шуда, тамоми толорҳою синфхонаҳо, инчунин мизу курсиҳо ва мебелҳои факултет нав карда шуда, ба талаботи замони муосир мутобиқгардонида шуд. Инчунин дар факултет бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Арт-голереяи “Монӣ” ифттитоҳ гардида, ба истифода дода шуд.
Бояд қайд кард, ки аз тарафи устодони факултет бахшида ба солҳои 2019-2021”Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 18-адад китобҳои дарсӣ бо тавсеаи Қарори мушовара ва илми ҶТ аз чоп баромад. Устодони факултет профессор Азизов А.А. дар озмуни “Олими соли-2017 ва 2018” ҷои аввал, инчунин Азизов Ш.Ю. дар озмуни “Олими ҷавони соли -2018”, Алиева М.Н. дар озмуни “Олими ҷавони соли -2020” ва Таирова М.М. дар озмуни “Олими ҷавони соли -2022” ҷои аввалро ишғол намуданд.
Дар факултет санаи 17.12.2021с. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ“Ҳунар, фарҳанг ва сайёҳӣ-муаррифгари чеҳраи миллат” бахшида ба ҷамъбасти солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ” ташкил ва баргузор карда шуд.
Инчунин бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 23.08.2022с. таҳти № 320 номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедра Ҳасанов С. барои силсилаи китобҳояшон дар бобати рӯнамоӣ ва муаррифии осори мусаввирони вилояти Суғд ба Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шоиста дониста шуда, дотсент Ҳасанов Салимбой бо фармони №117 ба ҳайси иҷрокунандаи профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ таъин гардиданд.
Дар соли 2023 аз тарафи устодони факултет якчанд маротиба намоиши корҳои эҷодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ва дар хориҷи кишвар, шаҳри Остонаи ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шуд.
Бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 31.08.2023с. номи факултет аз санъати тасвирӣ ва технология ба санъати тасвирӣ ва дизайн иваз карда шуд.
Дар ҳамин асно бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармуаллимаи кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Эшонова Насибахон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 21.08.2023с. №18 барои хизматҳои шоиста бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз шудаанд.