​Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 70-солагии Шералиев Саидалӣ

Бо иқдоми кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ бахшида ба 70-солагии омӯзгор, муҷассамасоз, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Аъзои иттифоқи рассомони Тоҷикистон Шералиев Саидалӣ дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар конференсияи илмӣ-амалӣ устодону донишҷӯёни факултет, фарзандон ва пайвандони устод Шералиев Саидалӣ иштирок намуданд.

Конференсияи илмӣ-амалиро дотсенти кафедра Ҳасанов ифтитоҳ бахшида, аз ҳаёт ва фаъолияти устод Шералиев Саидалӣ ва саҳми эшон дар тарбияи кадрҳои лаёқатманд таъкид намуд.

Ҳамзамон, дар доираи конференсия як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ