​Намоиши корҳои эҷодии донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва дизайн

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн бо ташаббуси кафедраи технология ва методикаи таълими он намоиши корҳои эҷодӣ доир гардид.

Дар намоиш корҳои эҷодӣ-амалии донишҷӯён муаррифӣ гардид.

Дар ин ташаббус амсилаҳои либосҳои идонаи занона, бачагона, бо зиннатдиҳии муосир, намудҳои армуғон аз масолеҳҳои гуногун бо дизайни замонавӣ, техникаи дирафшдӯзӣ дар маҳсулоти дӯзандагӣ, кешбофии маҳсулотҳо бо чангак ва кашак, омода намудани бозиҳои мулоим, омода намудани асбобу лавозимотҳои рӯзғор бо чӯб ба намоиш гузошта шуд.

Маврид ба зикр аст, ки корҳои эҷодии донишҷӯён дар доираи КМД ва КМРО омода шудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ