​Хониши сиёсӣ: Роҳу усулҳои муқовимат ба терроризм

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн дар мавзӯи “Роҳу усулҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар шароити муосир” хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар доираи ин ташаббус аз ҷониби донишҷӯён маърӯзаҳо ироа гардид.

Таъкид рафт, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зўроварӣ расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими саводи ҳуқуқии донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ