​Таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни ихтисоси технология. Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ

Донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси технология. Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ фаро гирифта шуданд. Дар доираи ин ташаббус донишҷӯён дар корхонаи истеҳсолии “Ҷавонӣ” донишҳои назарии худро дар амал татбиқ хоҳанд намуд.

Таҷрибаомӯзон ба сехҳои корхонаи истеҳсолӣ тақсим шуда, ба кормандони корхона дар омода намудани маҳсулот кӯмак расонида истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаомӯзон ҳамасола дар омода намудани 500 адад ҷузъи либос саҳм мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ