Кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ

Телефон барои маълумот

Таърихи кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ бо таърихи факултет марбут аст. Соли хониши 1971 кафедраи расм ва мусаввирӣ мустақилона ба кор шурӯъ намуд. Кафедра таҳти роҳбарии мудири он дотсент Мазунин А.И. ва устодон Умеренкова З.Н., Геза Б.П., Ҳасанов С., Шодиев Т., Ахмедов Ш., Ҷамолиддинов А., Абдуллоев М. фаъолият мебурд. Худи ҳамон сол аз байни хатмкунандагони шӯъба Бобоҷонов А., Мӯъминов К., Ахмедова Г.Х., Ҷалилова М., Шералиев С. ва Холматов X. ба кор љалб карда шуданд.

Ҳамин тариқ, дар давоми як чанд сол шӯъба бо ду кафедраи калон фаъолият бурда, имконоти худро устувор мекард. Сол аз сол шумораи довталабон меафзуд ва меъёри қабул тадриљан афзуда, баробари се гурӯҳи тоҷикӣ инчунин гурӯҳҳои ӯзбекӣ ва русӣ таъсис дода шуданд. Солҳои 1979 ба сифати муаллимони кафедра Исоев А.Б, 1980 Исмоилов О., Пахаренко Г.П, Руденко П.В., 1984 Холматов Ҷ., Ашӯров М., 1986 Дадобоева М.Н., 1990 Умаров А., Исроилов А., ва Раҳматуллоев Н., 1997 Ҷалилова Ҳ.А., Эшонова Н.Н., 1998 Ғафуров М.Ҳ, 2001 Ғаниева М.А. даъват шуданд. Кафедра дар тӯли солҳои зиёд бо роҳбарии мудирони кафедра Умеренкова З.Н. (с.1978-1981), Ҳасанов С. (с.1981-1986), Шодиев Т.О. (с.1987-1996), Холматов Ҷ.М. (с.1996-2001), дотсент Исоев А.Б. (с. 2001-2007), Холматов Ҷ.М. (с 2007-2011), дотсент Исоев А.Б. (с.2011-2016), дотсент Ҷалилова Ҳ.А., (аз соли 2016) фаъолияти худро идома дода истодааст.

Устодони кафедра, монанди Шодиев Т., Бобоҷонов А., Мӯминов К., Исоев А.Б., Шералиев С. Ва дигарон такмили ихтисосро дар мактабҳои олии Москва ва Санкт-Петербург, дар Донишкадаи рассомии ба номи И.Е. Репини ш. Санкт-Петербург (Академияи рассомӣ) сайқал доданд. Омӯзгорони кафедра зуд-зуд дар намоиши асарҳои эҷодӣ, ки дар миқёси шаҳр, вилоят, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ташкил карда мешавад, ширкат варзида, дар солҳои охир дар алоҳидагӣ якчанд намоиш низ ташкил намуданд. Намоиши асарҳои эҷодии устодони кафедра бахшида ба 90-солагии ақадемик Б. Ғафуров соли 1998, намоиши асарҳои Исроилов А. бахшида ба 60- солагии вилояти Суғд дар "АРТ-Галереяи Сомониён", намоиши асарҳои Мӯъминов К., Исроилов А., Бобоҷонов А., Ҷамолиддинов А., Исоев А., Ҷалилова М., инчунин дар толори Фонди рассомӣ соли 2011 ба намоиш гузошта шуданд. Якчанд устоди кафедра борҳо намоиши шахсии (персоналӣ) худро дар намоишгоҳҳои гуногун ташкил кардаанд: устодон Исроилов солҳои 2012, 2014 дар намошгоҳи Фонди рассомӣ ва Исоев А. соли 2015 дар намоишгоҳи «Арт-Галереяи Сомониён» аз љумлаи чунин чорабинињо аст.

Устодони кафедра Ҳасанов С., Муллоҷонов М., бо ҳамкории устодон Раҳимов У., Ахмедов И., Иброҳимов К. ва дигарон дар ороиши объектҳои идонаи шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар мавзеъҳо бахшида ба идҳои Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоштаанд. Соли 2015 кафедраҳои расм ва мусаввирӣ ва санъати ороишӣ-амалӣ муттаҳид гардида, кафедра «Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ» ном гирифт. Дар кафедра чор дотсент, номзадҳои илм: Ҳасанов С., Исоев А.Б., Холматов Ҷ.М., ва Ҷалилова Ҳ.А.; Арбоби ҳунари Тоҷикистон Шералиев С., панҷ нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ҳасанов С., Исоев А.Б., Ҷамолиддинов А., Бобоҷонов А., Холматов Ҷ.; панҷ нафар аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон: Эшонова Н., Ҷамолиддинов А., Исроилов А., Бобоҷонов А., Исоев А. бо фаъолияти омӯзгорӣ, илмию-методӣ ва эҷодӣ машғул буда, ба пешравии корҳои кафедра саҳмгузор шуда истодаанд. Дар фаъолияти кафедра чунин муаллимон, амсоли Кенљаев М., Аминљонов Р., Ахмедов Ш. Исмоилов О., Музаффаров Т., Ахмедов И., Мадаминов В., Набиҷонов М., Шарипов Қ., Акрамов М., Рањматов М. ва Ёқубова Ҳ. фаъолият бурдаанд.


Соли 2016 бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 85-солагии ДДХ ба номи академик Б.Ғафурв ва 40-солагии фаъолияти эҷодӣ намоиши шахсии асарҳои эҷодии устоди кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ сармуаллим Муллоҷонов М. ҷашн гирифта шуд. Соли 2017 бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 85-солагии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва 50-солагии таъсисёбии факултет намоиши асарҳои эҷодии устодони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ ва донишҷӯён гузаронида шуд. Дар айни ҳол дар кафедра 11 нафар омӯзгор фаъолият мебаранд, инчунин 3 нафар корманди ёрирасон, 2 нафар намоишгар фаъолият бурда, ба ташкили раванди таълим ба устодон ёрии амалии худро пайваста мерасонанд. Кафедра дорои дањ синфхонаи барҳаво, як синфхонаи методии ҷињозонидашуда ва бо техникаву лавозимоти замонавӣ таҷҳизонидашуда мебошад. Устодони кафедра солҳои охир бо корҳои илмӣ-методӣ бештар диққат дода, барои беҳтар ташкил намудани раванди таълим кӯшида истодаанд. Аз тарафи устод Ҳасанов С. китобҳои дарсии «Таърихи санъати умумиҷаҳонӣ», «Санъати муосири Тоҷикистон», дастури методии «Минётурнигорӣ», «Колбадшиносӣ», инчунин Ҳасанов С. бо ҳаммуаллифии Раҳимов У.А. «Мӯҳрадӯзӣ», Ҷалилова Ҳ., «Қаламкашӣ», Холматов Ҷ.М., ҳаммуаллифон Исоев А.Б., Ҷалилова Ҳ.А. «Асосҳои графика», Ҷамолиддинов А. бо ҳаммуаллифии Исоев А.Б. таҳия ва чоп шудаанд. Дар айни ҳол устодони кафедра ба технологияи нави раванди таълим бештар ворид гардида, кӯшиш карда истодаанд, ки дарсҳоро бо истифодаи муаррифии фан, воситаи техникии омӯзиш, аз маводҳои бою шавқовари замонавӣ ва адабиётҳои муосир истифода бурда, ба шогирдон ҳар чӣ бештар нозукиҳои санъати тасвириро таълим диҳанд.