​“Расми беҳтарин”: Истиқлоли давлатӣ ва эҳёи иди Меҳргон

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн бахшида ба Иди Меҳргон озмуни “Расми беҳтарин” гузаронида шуд. Озмуни мазкур таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва эҳёи иди Меҳргон» бо иқдоми кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ доир гардид.

Дар озмун донишҷӯёни гурӯҳҳои академии факултет иштирок намуда, бо рангҳои акварелї корҳои эҷодиро иҷро намуданд.

Декани факултети санъати тасвирӣ ва дизайн дотсент Ҷӯраева Хайринисо қайд намуд, ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, ин ид таҷасумгари таърихи дуру дароз ва фарҳанги бой доштани гузаштагони мо мебошад.

Гуфта шуд, ки таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон ба роҳ монда шудааст.

Ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян ва бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ