Семинари илмӣ: Рушду нумӯи нақши омехта дар санъати наққошони тоҷик
Дар кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ тибқи нақша семинари илмӣ-назариявии намунавииустодон баргузор гардид.
Ба кори семинар мудири кафедра Наврӯза Уралова оғоз бахшида, иштирокдоронро бо мундариҷаи он шинос намуд. Баъдан, сармуаллимикафедра Мулоҷонов М.дар мавзуи “Рушду нумӯи нақши омехта дар санъати наққошони тоҷик” маърӯза намуд. Зикр шуд, ки санъати наққошони тоҷик ва ҳунари офаридани нақш, маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ буда, аз навъҳои бостони санъати ороиши амалӣ ва маданияти гузаштагони мо шаҳодат медиҳанд.
Ҳамчунин дар ҷараёни семинар роҳҳои дар оянда ҷустуҷӯ намудани роҳу усулҳои истифодаи нақшҳои омехта дар раванди таълим мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми сардори раёсати илм ва инноватссияи Донишгоҳ дотсент Ромизҷон Абдуллоев баромад намуда, ба кори семинар баҳо баланд дод.
Маркази иттилоот ва таҳлил