​Озмуни эҷодӣ: Расми беҳтарин

Дар кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва технология бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни эҷодии “Расми беҳтарин” гузаронида шуд, ки дар он муҳассилони факултет иштирок намуда, бо рангҳои акварелӣ корҳои эҷодиро иҷро ва пешкаш намуданд.

Мудири кафедра Наврӯза Уралова ва дотсент Азим Жамолидинов ба ҳайати ҳакамони озмун таъйин гардида, пас аз итмом расонидани муҳлати озмун корҳои донишҷӯёнро ҷамъбаст намуданд.

Аз рӯи иҷрои шартҳои озмун ва баҳогузории комиссия мақоми якум Воҳидов А. донишҷӯи гурӯҳи 104, ҷои дуюм Нусратова Д. аз гурӯҳи 102, Дадобоева М. аз гурӯҳи 201б ва зинаи сеюмро Ҳасанова Н. донишҷӯи гуруҳи 501а соҳиб гардиданд.

Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои садорати факултет қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ