​Мулоқот бо рассом Исроилов Абдураҳмон

Бо ташаббуси кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва технология бо мусаввир-омӯзгор, Аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Узви академияи мусаввирони Тоҷикистон Исроилов Абдураҳмон вохӯрӣ доир гардид.

Ин иқдом бо мақсади тарбия намудани донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва зебоипарастӣ баргузор гардид.

Профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Ҳасанов Салимбой аз саҳми устод Исроилов Абдураҳмон дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки халқи тоҷик аз давраҳои қадим дорои маданияти воло ва нотакрор аст, ки кофтуковҳои зиёди бостоншиносӣ ва пайдоиши тасвирҳои руйдевори мусаввараҳо, кандакорию наққошӣ ва кундалкориҳо аз он шаҳодат медиҳанд.

Гуфта шуд, ки давоми солҳои истиқлолият, санъати тасвирӣ, амсоли манзаранигорӣ, чеҳранигорӣ, наққошию кундалкорӣ рушду нумӯъёфт.

Зикр гардид, ки дар рушду нумӯӣ санъати тасвирӣ ҳиссаи Исроилов Абдураҳмон Сулаймонович низ хеле назаррас мебошад. Исроилов Абдураҳмон рассоми бисёрсоҳа буда, дар жанрҳои мухталифи санъати тасвирӣ асарҳои ҷолиби диққат офарида, ба дилбохтагони санъати мусаввирӣ як ҷаҳон таассуроти наҷиб бахшидааст.

Дар идома Исроилов Абдураҳмон аз пайроҳаи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии худ маълумот дода, донишҷӯёнро ба роҳи рост ва меҳнатдӯстӣ ҳидоят намуд.

Донишҷӯён дар навбати худ суолҳо манзур намуданд, ки ба он аз ҷониби устод Исроилов Абдураҳмон посухи муфассал манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ