Дарси кушод: Мафҳуми асосҳои рангшиносӣ
Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология дарси кушоди муаллими калони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Малика Ғаниева бо донишҷӯёни курси 1-уми гурӯҳи 101а аз фанни асосҳои санъати тасвирӣ, дар мавзуи “Мафҳуми асосҳои рангшиносӣ” гузаронида шуд.
Дар ҷараёни машғулият мудири кафедра ва ҳайати устодон ширкат варзиданд.
Омӯзгор бо тайёрии хуб ба дарс ворид гардида, перомуни мавзуи баррасишаванда маълумоти муфассал дод. Дар раванди дарс устод аз аёният ва технологияи муосир тавассути муаррифиҳо фаровон истифода намуд. Зикр шуд, ки омӯзиши санъати тасвирӣ, ки ҷараёнҳои гуногунро дар худ нигоҳ медорад воситаи тасвири қаламӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамвории қоғаз нишон додани шакли предмет, ҷустуҷӯи муносибатҳои тонӣ ва коркарди ҷузъӣ истифода бурда шуд, ки ин ба ташакули маҳорати эҷодии донишҷӯён кӯмаку мусоидат менамояд. Дар тахтаи электронӣ усулҳои гуногуни кор бо соярӯшноии тобишҳои нафиси қаламҳои асосии бо ҳам ниҳоят мувофиқ афтодаро муаррифӣ намуданд.
Дар фарҷом перомуни мавзуи баррасишаванда миёни устоду шогирдон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дарси кушоди имрӯза ба талаботи макотиби олӣ ҷавобгӯ буда, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил