Дарси кушоди онлайнӣ

Санаи 11 октябри соли равон дарси кушоди онлайнии муаллими калони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Абдулло Масолиев аз фанни “Ҳунарҳои мардумӣ” бо донишҷӯёни курси –V- уми гурӯҳи 501 дар мавзуи “Кандакорӣ намудани сатҳи кандакоришавандаи лавҳи китобмонӣ” гузаронида шуд.

Устод дар раванди машғулият ба шогирдон амалан моҳият ва нишондодҳои асосиимавзуъро ошно сохта, бо истифода усули нави таълим ва бо таҳлилҳои ҳамаҷониба моҳияти дарсро фаҳмонд.

Дар раванди машғулият ба донишҷӯён маълумоти мухтасар перомуни кандакории чӯб ва тартиб додани эскиз барои сохтани лавҳ (китобмонак), интихоби тахта, бо андозахои гуногун ва роҳҳои чигуна сохтани лавҳ нишон дода шуд.

Гуфта шуд, ки тавассути чунин машғулиятҳо таваҷҷуҳи донишҷӯён ба омӯзиши ҳунару ҳунармандӣ ва эҳёи ҳунарҳои халқӣ бештар мегардад.

Донишҷӯён низ дар навбати худ фаъолнокӣ зоҳир намуданд. Қисми ташкилии дарс хеле хуб ба роҳ монда шудааст.Алоқаиназария бо амалия ва вобастакарданимавзӯуи дарс бо самти ихтисос низ мушоҳида карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, ҳиссиёти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузории арзишҳои маънавию фарҳангӣ маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ