Факултети забонҳои шарқ

Факултети забонҳои шарқ яке аз факултетҳои ҷавони ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров буда, соли 1999 ҳамчун шуъба дар ҳайати факултети филологияи тоҷик ташкил ёфт. Аз моҳи июли соли 2002 чун факултети мустақил бо номи факултети забонҳои шарқ дар ҳайати донишгоҳ арзи вуҷуд дорад.

Дар оғоз ва дар саргаҳи ташкилшавии шуъбаи фавқуззикр профессорон – Умеда Абдуллоевна Ғаффорова, Ннизомиддин Зоҳидӣ, дотсентон – Нурулло Исматович Ғиёсов ва А. Раупов меистоданд, ки заҳмати таъсиси факултет ва тадриси фанҳоро бар зиммаи хеш гирифтанд. Зимнан, ду омили муҳими дигар ҳам буд, ки ин амалро суръат мебахшид: 1. Дастгирии раёсати ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров бо сарварии ректори собиқи он зиндаёд Сайдулло Абдуллоев ва ноибректор Носирҷон Салимӣ. 2. Бастани шартнома байни Донишгоҳ ва Ассотсиатсияи байналхалқии хайрияи «Тайиба», ки дар таҳкими базаи моддию техникии шуъба ва таъмини кадрҳо – ҳомилони забони арабӣ ба донишгоҳ кӯмак расонд. Ин буд, ки аз ибтидо дар шафати устодон – муассисони шуъба устодони араб Амин Муҳаммад Абдуллоҳ Халафуллоҳ (Судон), Абдуллоҳ Ҳамдан (Сурия), Муҳаммад Содиқ Аваз (Миср) ва баъдтар Ёсир Муҳаммад Мансур (Судон), Муҳаммад Шаннавӣ (Миср), Умар Юсуф Шарру (Сурия) дар факултет аз забон ва адабиёти арабӣ дарс медоданд. Раёсати донишгоҳ тамоми шароитро барои баланд бардоштани сатҳи таълим аз рӯи ихтисоси нав фароҳам овард.


Дар соли хониши 2001-2002 шуъба ба факултети нав табдил ва профессор У.А. Ғаффорова декани факултети забонҳои шарқ таъин шуд. Ҷоизи қайд аст, ки масъулияти декани факултетро аз соли 2002 то 2006 профессор У.А.Ғаффорова, аз 2006 то 2011 дотсент Н.И. Ғиёсов, аз 2011 то 2012 дотсент М.Т. Раҷабова, аз 2012 то 2015 дотсент Н.А. Ҳамробоев, аз 2015 то 2017 профессор У.А.Ғаффорова, аз моҳи майи соли 2017 дотсент Ф.Н. Ғиёсова ва аз моҳи майи соли 2018 то кунун дотсент И. Раҳимов бар уҳда дорад.


Алҳол дар факултет ҳафт кафедра амал мекунад.