Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

Телефон барои маълумот

Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дар факултети забонҳои шарқ бо пешниҳоди комиссияи аттестатсионии донишгоҳ ва Шӯрои олимон аз 28 августи соли 2003 таҳти фармони № 108-и ректори донишгоҳ таъсис дода шуд. Сарварии кафедраро аз соли 2003 то соли 2011 профессор Замира Абдуллоевна Ғаффорова ва аз соли 2011 то имрӯз дотсент Муътабар Забеҳуллоевна Шарипова ба зимма дорад. Ҳайати асосии кафедраро омӯзгорони соҳибтаҷрибаву соҳибунвон - профессорон З.А. Ғаффорова, Фахриддин Насриддинов., дотсентон – Насимҷон Ҳамробоев, М. Мирмухаммедова, Марҳабо Қосимова, Сарвиноз Ҷӯраева ва муаллим Баҳром Раҳматов ташкил медиҳанд.


Кафедра дар перомуни чанд масъалаҳои адабиётшиносиву забоншиносӣ мавсум ба «Нақду баррасии осори адабӣ» ва «Омӯзиши лингвистии матн» тадқиқоти илмӣ мебарад. Натиҷаи корҳои тадқиқоти илмии устодони кафедра дар китобу рисолаҳои илмии профессорон – З. Ғаффорова З., Т.Ваҳҳобов, Ф.Насриддинов, дотсентон – Н.Ҳамробоев, М. Шарипова, С. Ҷӯраева ва М.Қосимова ба табъ расида, дар беҳдошти ҷараёни таълим мавриди истифода қарор мегиранд.