“Баҳори дониш”: Баррасии муҳтавои “Духтари капитан”
Дар доираи маҳфили “Баҳори дониш”, ки дар факултети забонҳои шарқ доир гардид, ин навбат асари “Духтари капитан”-и Александр Пушкин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Маҳфили мазкур бо ташаббуси кафедраи забон ва адабиёти тоҷик баргузор шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати китобдӯстӣ унвон мешавад.
Донишҷӯён дар бораи аҳамият ва муҳтавои “Духтари капитан” андешаҳои худро иброз намуда, мубодилаи афкор намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки маҳфили “Баҳори дониш” дар факултети забонҳои шарқ давоми моҳ як маротиба баргузор гардида, ду сол инҷониб донишҷӯёни китобдӯстро муттаҳид намудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил