​Мулоқот бо намояндагони ҶДММ “Хуаксин Ғаюр (Суғд) Семент”

Дар факултети забонҳои шарқ бо намояндагони ҶДММ “ХуаксинҒаюр (Суғд) Семент” мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони раёсати донишгоҳ Пӯлотов Назирҷон, декани факултет Эҳсонзода Малоҳат, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Мудири шуъбаи кадрҳои ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент”хонум Лу, мудири бахши иқтисодӣ Олег ва тарҷумони ширкат Рӯзиев Муҳаммадҷон дар мавриди имкониятҳои ширкат ва талаботҳои таъмини мутахассисон бо ҷойи корӣ маълумот доданд.

Масъулини донишгоҳ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо, бахусус дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисоси хитойӣ-англисӣ изҳори хушнудӣ намуда, барои идомаи ин равобит табодули афкор намуданд.

Дар фарҷом миёни масъулини ширкат ва донишҷӯён суолу ҷавоб сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ