​Масъалаҳои мубрами филологияи шарқ ва синология

Конференсияи вилоятии илмӣ-амалии магистрантон таҳти унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” дар бахшҳо идома ёфт. Аз ҷумла, бахши “Масъалаҳои мубрами филологияи шарқ ва синология” дар факултети забонҳои шарқ доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи кори бахш 8 маърӯза шунида шуд.

Баъд аз ироаи маърӯзаҳо суолу ҷавоб сурат гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки конференсия аз рӯи 15 бахш дар факултетҳои донишгоҳ ба кор худ идома бахшида, дар маҷмуъ, дар доираи ин иқдом 157 маърўзаҳои илмии магистрантону олимони ҷавони вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ