Факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

Шуъбаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ аз соли таҳсили 1958-1959 дар таркиби факултети таъриху филология ба фаъолият шуруъ намудааст. Соли 1960 шуъба ба факултет табдил ёфт ва сарварии он ба зиммаи Асобиддин Тошматов гузошта шуд. Бинобар зиёд шудани теъдоди донишҷӯён солҳои 1960 – 1964 факултет дар алоҳидагӣ фаъолият бурда, минбаъд, солҳои 1964 – 1967 дар сохтори факултети физикаю математика, солҳои 1967 – 1973 дар сохтори факултети таъриху филология боз ҳамчун шуъба амал кардааст. Аз соли 1973 то имрӯз факултети педагогӣ дар алоҳидагӣ фаъолият бурда, дар рушду нумӯи таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми донишгоҳ саҳми босазо ва назаррас гузошта меояд.

Аввалин устодони факултет Д. Неъматзода, Ҳ. Очилов, А. Тошматов, Ф.Абдуллозода, А.Шодиев, М.Аҳмадов, М.В. Кутин, Ҳ.Қодирқулов, Н.Ғафуров, Р.Ҷӯраева, А.Эргашев, М.Воҳидов, А.Алимуҳаммадов ва дигарон буданд, ки дар ташкил ва рушду нумӯи он саҳми арзанда гузоштанд. Ба факултет то соли 1990 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Асобиддин Тошматов сарварӣ намуда, солҳои 1990-1995 вазифаи декании факултетро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шавкат Аҳмадович Шаропов, солҳои 1996-1998 номзади илмҳои биологӣ, дотсент Саидҷон Каримов, солҳои 1998-2008 доктори илмҳои педагогӣ Шавкат Аҳмадович Шаропов, солҳои 2008-2011 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Хайрулло Мирзоевич Сабуров, солҳои 2011-2015 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сабоат Нуриддиновна Абдулфайзова, солҳои 2015-2016 доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хайрулло Мирзоевич Сабуров ба зимма доштанд. Аз соли 2016 сарвари факултет номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сатторбердӣ Мавлонович Рабиев мебошад.


Дар тӯли ин солҳо вобаста ба талаботи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ва вилоят ба муаллимони синфҳои ибтидоӣ – теъдоди донишҷӯён низ пайваста меафзуд. Шумораи муайяни муҳассилини факултетро тоҷикони бурунмарзӣ аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя - Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ташкил мекарданд, ки баъди хатми донишгоҳ дар макотиби тоҷикзабони кишварҳои мазкур машғули таълиму тадрис мешуданд.

Алҳол дар факултети педагогӣ 5 ихтисос: таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва забони русӣ, психология, таҳсилоти томактабӣ ва равоншиносии амалӣ, олигофренопедагогика фаъолият дошта, раванди таълиму тарбия ба уҳдаи ҳайати профессорону омӯзгорони чаҳор кафедра вогузор аст. Аз дастпарварони факултет докторони илмҳои педагогӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ-иҷтимоии ФР профессорон Ш. А. Шаропов, Х.М. Сабуров, дотсентон Э.Шарипов, Ҳ.Искандарова, А.Каримҷонов, А.Набиев, М.Ҳомидов, Ҳ.Турсунов, Б. Латипов, З.П.Раҳмонов, С.М. Рабиев, С.А. Абдулфайзова, М.А. Абдусамадова, Д.З. Раҳмонова, П.С.Неъматов, М.Х.Эгамбердиева, Д. Усмонов, сармуаллимон М.С.Мухторова, О.Э.Қаюмова, З.Бойматов, Ш.И.Кӯчибоев, Г.Г.Ҳошимова, К.Ш.Ғоибов муаллимон М.Т. Луфов, З.Б.Раҷабова, М.У.Ҷӯраева, Р.Ҳоҷибоева дар таълим ва тарбияи мутахассисон саҳми арзанда доранд.


Хатмкардагони факултет дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар меҳнат карда, соҳиби обрӯю эътибори баланд гардидаанд. Факултет бо дастпарварони худ –Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Ӯрунбек Ҳамдамов, Муаллимони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочиёни маорифи халқ М.Аслонов, А.Қаҳҳоров (н.Деваштич), З.Муҳиддинова (н.Ашт), М.Ғафуров (ш.Бӯстон), М.Ҷалилова (ш.Хуҷанд) ва дигарон ифтихор дорад.