Маҳфили илмӣ-адабӣ: Конститутсия – ҳомии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд
Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо ташаббуси кафедраи табиию - риезӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими он маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр устодону донишҷӯёни факултетро дар иртибот ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар мавриди нақши қонуни асосии кишвар дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъкид дошт.
Дар доираи маҳфили мазкур дар васфи Ватан ва муқаддасоти давлатӣ шеъру гуфтор қироат гардида, суруд дар иҷрои донишҷӯён ба маҳфил мазмуни бештар эҳдо намуд.
Декани факултет дотсент Усмонзода Даврон доир ба муҳтавои боб ва моддаҳои Конститутсия ибрози назар намуда, доир ба марҳилаҳои рушд ва ворид шудани тағйиру иловаҳо ба он маълумот дод.
Маркази иттилоот ва таҳлил