Кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ фаъолияти худро моҳи сентябри соли 1989 бо номи кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ оғоз намуда, баъдан аз соли 2007 бо номи педагогика ва психологияи фаъолияти касбӣ амал намуд. То замони таъсиси кафедра фанҳои педагогика ва психология дар номгӯи фанҳои таълимии кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ арзи вуҷуд дошт.

Дар солҳои аввали ташкилёбии факултет (соли 1958) ва солҳои минбаъдаи инкишофи он ва то давраи таъсисёбии кафедра (сентябри соли 1989) аз фанҳои педагогика ва психология устодон А.Тошматов (соли 1958-1996), М.Ахмедов (соли1958-1975), Р. Ашӯров (соли 1970 - 1980), М. Зуфарова (солҳои 1970 - 1980), М.Ҳомидов (соли 1970 то ҳол), Ҳ.Искандарова (солҳои 1970 – 2010), А. Набиев (солҳои 1976 - 1981), М.Р. Ҳоҷиева (соли 1976 то ҳол), Ш.Шаропов (соли 1975 то ҳол) дарсмегуфтанд. Соли аввали мустақилияти кафедра сарварии онро дотсент Шавкат Шаропов ба уҳда дошта, дотсент Муқим Ҳомидов, сармуаллимон М.Ҳоҷиева, М.Мухторова, М.Мавлонов фаъолияти педагогӣ мебурданд. Ба туфайли афзудани соатҳои таълимӣ дар солҳои минбаъда сармуаллимон Ҳ.Искандарова, Р.Раҳмонов, дотсент А.Каримҷонов ба ҳайати устодони кафедра қабул карда шудаанд. Солҳои 1990-1996 ба кафедра номзади илмҳои педагогӣ, дотсент М.Ҳомидов сарварӣ намуд. Аз моҳи апрели соли 1996 то декабри соли 1998 ин вазифаро доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ш.Шаропов иҷро кард. Аз моҳи декабри соли 1998 то моҳи ноябри соли 2005 сарварии кафедраро дотсент Х.М.Сабуров ба уҳда дошт. Дотсент Ҳ. Искандарова аз ноябри соли 2005 то феврали соли 2008 ба кафедра сарварӣ намуд. Аз феврали соли 2008 то сентябри соли 2010 профессор Шаропов Шавкат Аҳмадович сарварии кафедраро дар уҳда дошт, аз сентябри соли 2010 то сентябри 2011 сарварии кафедраро дотсент С.Н.Абдулфайзова дар уҳда дошт. Аз сентябри 2011 то июли 2015 сарварии кафедраро доктори илмҳои педагогӣ, профессор Х.М.Сабуров дар зимма дошт. Аз октябри соли 2015 то ҳол сарварии кафедраро дотсент С.Х.Элмуродова дар уҳда дорад.

Дар давраи фаъолияти зиёда аз бистсолаи худ кафедра дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ саҳми босазо гузошт. Аз ҷумла, Ш.А.Шаропов (соли 1983 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докторӣ), М.Ҳомидов (соли 1983), Б.Б. Латипов (соли 1996), Х.М. Сабуров (соли 1997 рисолаи номзадӣ ва соли 2014 рисолаи докторӣ), Ҳ.Искандарова (соли 1998),З.П.Раҳмонов(соли 2002), С.Н. Абдулфайзова (соли 2007), С.Х.Элмуродова (соли 2010), Д.З. Раҳмонова (соли 2013), П.С Неъматов. (соли 2013) рисолаҳои номзадиро бомуваффақият дифоъ намуданд.

Ҳоло дар ҳайатиустодони кафедра дудокториилм, профессор, шашномзадҳоиилм, дотсентонвадунафарсармуаллимон, дунафармуаллимонфаъолиятиомӯзгорӣваилмӣдоранд. Солҳои 1991 – 1998 дар факултет ба ғайр аз ихтисосиПва МТИ боз аз рӯиихтисосҳои педагогика вапсихологияитомактабӣвануқсоншиносӣкадрҳоипедагогӣтайёр карда мешудандва кафедра дар ин ҷода ҳамчун кафедраи пешбаранда саҳми арзандаи худро дорад. Ҳоло дар як қатор муассисаҳои таълимию тарбиявии томактабӣ ва дар мактаб-парваришгоҳҳои махсус ва марказҳои саломатии вилоят хатмкардагони ин ихтисосҳо фаъолияти самараноки омӯзгорӣ-тарбиявӣ бурда истодаанд.

Бо сарварии дотсент З.П.Раҳмонов дар назди мактаб-парваришгоҳи ёрирасони шаҳри Хуҷанд синфҳои алоҳида кушодашуда, машғулиятҳои амалии донишҷӯён аз фанҳои педагогикаи махсус гузаронида мешуданд. Аз тарафи устод утоқи сурдологопедӣ-методӣ назди мактаб-парваришгоҳи ёрирасони шаҳри Хуҷанд ташкил карда шудааст, ки машғулиятҳои амаливу лаборатории донишҷӯён дар он гузаронида мешавад. Дар фаъолияти ҳаматарафа ва серҷабҳаи худ кафедра ба масъалаҳои сифат, самаранокӣ ва ривоҷи корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ – тадқиқотӣ ва тарбиявӣ бештар аҳамият медиҳад. Мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда ба таври системанок ҳамаи чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро ба амал ҷорӣ менамояд. Дар кафедра аз рӯи нақшаи таълимии ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, педагогикаи томактабӣ, равоншиносии амалӣ ва олигофренопедагогика бо назардошти хусусиятҳои тахассусии онҳо як қатор фанҳои педагогӣ ва курсу семинарҳои махсус (зиёда аз 25 номгӯи фанҳо) омӯзонида мешаванд. Бо мақсади таъмини донишҷӯён бо адабиётҳои таълимӣ устодони кафедра аз соли 2002 то имрӯз аз рӯи 10 фанҳои кафедра ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ роҳнамои таълим ва маводҳои таълимӣ-методӣ тайёр намуда, аз нашр бароварда дастраси донишҷӯён гардонидаанд. Ба ин мақсад, инчунин, аз тарафи устодони кафедра профессор Ш.А.Шаропов, дотсентон М.Ҳомидов, З.П.Раҳмонов, Х.М.Сабуров, С.Н.Абдулфайзова, С.Х.Элмуродова сармуаллимон М.Р.Ҳоҷиева, Ҳошимова Г.Г. як қатор китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ навишта аз нашр бароварда ба донишҷӯён дастрас карда шудааст. Барои ташкил намудани фаъолияти пурсамари омӯзгорони оянда бо бачагони нуқсондошта як қатор китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ – методии дотсент З.П. Раҳмонов кӯмаки беназир мерасонад.


Бо мақсади таълиму тарбияи ҳаматарафа ва аз худ кунонидани нозукиҳои касбии донишҷӯён устодони кафедра дар тартиб додани адабиётҳои соҳавӣ ва илмӣ-методӣ кори зиёдеро ба сомон расонида истодаанд. Дар ин ҷода, аз тарафи онҳо зиёда аз 150 номгӯи маводи гуногуни мутааллиқи ихтисосҳои факултет аз нашр бароварда шуда, ба истифодаи муаллимони синфҳои ибтидоӣ ва донишҷӯён пешкаш карда шудааст. Аъзои кафедра инчунин дар конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, байнидонишгоҳӣ ва дохилидонишгоҳӣ фаъолона иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекунанд. Солҳои охир як қатор устодони кафедра ба монанди Ш.Шаропов, Х.М.Сабуров, З.П.Раҳмонов, М.Мухторова, С.Н.Абдулфайзова, Элмуродова С.Х., Д.З.Раҳмонова конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, оид ба истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва технологияи нави таълим таҷриба омӯхтанд. Дар назди кафедра маҳфилҳои илмии унвонҷӯёну аспирантон ва донишҷӯён фаъолият мебарад, ки ба он дотсент С.Х.Элмуродова ва нозади илмҳои педагогӣ, сармуаллим П.С. Нематов роҳбарӣ менамоянд. Дар кафедра дар тарбия намудани кадрҳои ҷавони боистеъдод аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар солҳои охир як зумра хатмкунандагони болаёқати факултет, ба монанди Ш.И.Кӯчибоев, П.С Неъматов., Г.Г.Ҳошимова, З.Раҷабова дар кафедра ба ҳайси муаллим ба кор ҷалб карда шуданд. Ҳоло омӯзгорон Ш.И.Кӯчибоев, Г.Г.Ҳошимова мавзӯъҳои рисолаи номзадии худро муайян намуда, аз болои он пажӯҳиши илмӣ бурда истодаанд. Айни ҳол дар кафедра 2 аспирант, 30 унвонҷӯй аз болои рисолаҳои номзадӣ пажӯҳиши илмӣ бурда истодаанд. Кафедра дар фаъолияти худ бо дигар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ робитаи зич дорад, ба монанди Донишгоҳи миллии ҶТ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Филиали муассисаи давлатии Ҷумҳуриявии донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд. Ҳайати профессорону муаллимони кафедра дар фаъолияти серҷабҳаи факултету донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, баҳри тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб ҷидду ҷаҳд доранд. Аз соли таҳсили 2016-2017 хусусиятҳои серҷабҳагии кафедраро ба инобат гирифта, ба он кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ номгузорӣ карда шуд.