​Занон ва нақши онҳо дар амнияти миллӣ

Чунин ном дошт маҳфили навбатии “Зан ва ҷомеа”, ки дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус доир гардид. Нишасти навбатии маҳфил ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба роҳ монда шуд.

Дар маҳфил доир ба мавзуъҳои марбут ба нақши занон дар ҷомеа ва давлат маърӯзаҳо ироа шуда, роҳҳои таҳкими мавқеи бонувон баррасӣ гардид.

Аз ҷумла, Шоира Вализода, муаллимаи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ дар мавзўи «Ҷойгоҳи занон дар таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлол» маърӯза ироа дошт.

Ба маҳфил як қатор занони барӯманди вилоят ва ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, ходими ҳизбӣ Раҳимова Биҳоҷал,собиқадори соҳаи кишоварзӣ Ҳафиза Розиқова даъват шуда, дар идома доир ба фаъолияту зиндагии ибратомӯзи онҳо суҳбат анҷом дода шуд.

Меҳмонон аз пайроҳаи зиндагии хеш ба донишҷӯён нақл намуда, ҷавононро ба роҳи рост ва дуруст, омӯзиши илму дониш, саъю талош баҳри гулгулшукуфоии Ватан ҳидоят намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфили "Зан ва ҷомеа" ҳар моҳ ду маротиба ташкил шуда, ҳадаф аз он ҷалби донишҷӯдухтарон ба ташаббусҳои шоиста ва таъмини иштироки васеи онҳо дар ҳаёти ҷомеа унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ