​Китоби «Тоҷикон» -қомусимиллати тоҷик

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус чорабинии илмӣ-тарбиявӣ дар мавзӯи «Китоби«Тоҷикон» -қомуси миллати тоҷик» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Муаллими кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Ҳоҷибой Пиров перомуни шоҳасари «Тоҷикон» ибрози назар намуда, қайд намуд, ки китоби мазкур шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик аст.

Дар чорабинӣ муҳтавои китоби “Тоҷикон” мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки китоби мавриди назар тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқи тоҷикро аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоию фарҳангӣ фаро гирифтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки минбаъд низ дар факултет чунин чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ