​Соати тарбиявӣ: Оилаи солим - ҷомеаи солим

Бо ибтикори устоди кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус Ҳоҷибой Пиров бо донишҷӯёни курси якуми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ. Таҳсилоти томактабӣ дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Оилаи солим - ҷомеаи солим” ташкилу баргузор гардид. Дар дарс намояндаи шуъбаи тарбия Дилрабо Юнусова ва устодони факултет ширкат варзиданд.

Дар раванди машғулият масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва монанди инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт . Гуфта шуд, ки оила ва оиладорӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои зиндагии инсонӣ маҳсуб гашта, пойдорӣ ва мустаҳкамии он асоси хушбахтии аъзоёни он дар ҳаёти шахсӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин дар ҷараёни дарс донишҷӯён доир ба нақш ва мақоми оила дар ваҳдати ҷомеа ва суботу истиқлоли миллӣ байни ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ