Маҳфили доимиамалкунандаи “Омӯзгори оянда” доир гашт
Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус маҳфили доимиамалкунандаи назди кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ “Омӯзгори оянда” таҳти роҳбарии Ҳоҷибой Пиров бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Мудири кафедрадотсентШоира Вализода аз ҳадафҳу маромҳои маҳфил ёдовар шуда, баргузории онро ҷиҳати омода намудани омӯзгорони оянда муҳим маънидод намуд.Сипос, Ҳоҷибой Пиров суханеронӣ намуда, иштирокчиёнробобарномаи маҳфил ошно сохт.
Дар идома дотсент Қурбонбой Бурҳоновдар мавзуи “Исботи калонтарин тақсимкунандаи умумӣ ва хурдтарин каратнокии n-ададҳои натуралӣ” марӯза намуд. Ҳамчунин донишҷӯён Дилноза Алиева дар мавзуи “Нақш ва аҳмияти илми логопедия ва ихтисоси логопед дар замони муосир” ва Мавзуна Ҳафизовадар мавзуи “Усули муҳокимарони дар гурӯҳҳои хурд ва шартҳои педагогии ташкили он” маъруза намуданд. Дар баромадҳо масъалаҳои аҳамияти илми логопедӣ ва усули муҳокимарони дар гурӯҳҳои хурд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Декани факултет, дотсентДаврон Усмонзода дар интиҳо баромад намуда, зикр дошт, ки мақсади асосии ташкилу баргузории маҳфилҳои илмӣ ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ тадқиқотӣ ва бедор намудани шавқу рағбати онҳо дар руҳияи илмомӯзӣ, донишазхудкунӣ, омодагии донишҷӯён ба касби оянда ва тарбияи онҳо дар роҳи ватандӯстию худшиносӣ мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил